Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

Санаи 5-уми июни соли равон Раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳамкорӣ бо устодони кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии боғи «Шаршара»-и пойтахт ҷиҳати беҳсозии муҳити зист корҳои инноватсионии дар ин самт ташкилнамударо пешкаши меҳмонон карданд. 
Бино ба иттилои мудири кафедраи табиатшиносии ДДМИТ Одилҷон Улуғов, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5-уми июн ҷашн гирифта мешавад, диққати бештари сокинони сайёраро ба худ ҷалб менамояд. 
Экология ва ҳифзи табиат ҳоло дар ҷаҳони муосир қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва афкори ҷамъиятии мардум, гарави солимии ҷомеа ва пирӯзиву комёбии давлату давлатдорӣ гаштааст. Инсоният тавассути захираҳои табиат талаботи моддию маънавии худро қонеъ мегардонад. Бинобар ин, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омӯхтани захираҳои табиат ва муносибати оқилона ба истифодаи онҳо боиси пешрафти зиндагии шоиста мегардад. 
Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ҳамасола устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд. 

Тағоймурод Эшзода