Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти устоди мо дар чемпионати ҷаҳонӣ

Ғолибияти устоди мо дар чемпионати ҷаҳонӣ

Боиси ифтихор аст, ки рӯз ба рӯз музаффариятҳои варзишии варзишгарони донишгоҳ афзуда истодаанд. Ин навбат устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ Наврӯз Арабов дастоварди варзишӣ нишон дод. Ӯ дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо пирӯзиҳои варзишии худ на танҳо номи ДДМИТ, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардошта меояд. 
Наврӯз Арабов дар мусобиқаи байналмилалии Ташкилоти мамолики исломӣ таҳти унвони Ҷоми “Паҳлавон Маҳмуд” ки санаи аз 31 май то 3-уми июни соли равон дар шаҳри Хеваи вилояти Хоразми Ҷумҳурии Узбекистон дар риштаи стронгмен байни 15 ҷумҳуриҳои Осиё аз рӯйи ҳафт намуд баргузор гардида буд, дар чор намуди он иштирок намуда, дар риштаи “Бардоштани шамшер бо вақти тан ба тан” бар варзишгари Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб омада, сазовори медали биринҷӣ гардид ва бо медалу туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд. 
Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи ҳайати намояндагон ва мураббиён оид ба стронгмен, ки санаи 20-уми марти соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, Наврӯз Арабов аъзои Федератсияи байналмилалии стронгменҳо интихоб гардид, ки ин якумин аъзо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар семинари байналмилалӣ оид ба гӯштини кураш, ки санаи 21-28-уми апрели соли равон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида буд, устоди мо - Наврӯз Арабов сертификати довари байналмилалиро соҳиб гардид. 
-Алҳол 15 нафар донишҷӯ бо устоди кафедра Наврӯз Арабов дар варзишгоҳи донишгоҳ тамрин менамоянд. Мо аз ин устоду шогирдон умедҳои калон дорем, - гуфт дар суҳбат мураббии варзишгар Собир Шокиров. 
Мо Наврӯз Арабовро бо ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар ҷодаи фаъолияти омӯзгорию варзишиаш муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем. 

Тағоймурод Эшзода