Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории мизи мудаввар оид ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Баргузории мизи мудаввар оид ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Санаи 8-уми июн дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ширкати ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мизи мудаввар оид ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки санаи 30-юми май мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин мулоқот натиҷагирӣ аз рушди илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва вазифагузорӣ барои вусъати минбаъдаи ин соҳаҳои тақдирсози ҳаёти ҷомеа буд. Дар мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат роҳҳо ва усулҳои беҳтар кардани сатҳи корҳои илмиву тадқиқотӣ пешниҳод карда шуданд. 
Боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим масъалаи дигари муҳимми ин мулоқот буд. Қайд карда шуд, ки айни замон дар мамлакат 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад, аз 13 то ба 47 адад расонида шуд. Чунин пешравиҳои беназир натиҷаи ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаҳои илм ва маориф мебошанд. Қайд гардид, ки олимон бояд дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар ин самт бояд рисолати худро иҷро кунанд. Шогирдон омода кунанд, дониши худро ба дигарон омӯзонанд ва дар амалия барои татбиқ намудани корҳои илмиву тадқиқотӣ фаъол бошанд. 
Ректори донишгоҳ Ҳ. Абдуалимзода таъкид намуд, ки дар ДДМИТ шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва Шурои диссертатсионӣ амал мекунанд, ки барои ҳимояи рисолаҳо ва зиёд кардани устодони унвондор шароитҳоро муҳайё намудаанд. Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар барои кормандони соҳаи илм ва маориф дастурамал ва барномаи корӣ мебошад. 
Дар музокира докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорони донишгоҳ Саидакмал Мирсаидов, Иномҷон Аминов ва Ҳамидуллохон Фақеров баромад намуда, оид ба ҳадафи ин мулоқоти таърихӣ, дастовардҳо ва масъалаҳо дар соҳаи илм, саҳми олимон дар амалишавии барномаву стратегияҳои давлатӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва роҳу усулҳои беҳтар кардани корҳои илмиву тадқиқотӣ фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.