Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳисоботи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Ҳисоботи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Санаи 13-уми июни соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳодур Ҷурахонзода доир ба ҷамъбасти фаъолияти ин ташкилот аз давраи моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 шунида шуд. 
Қайд гардид, ки Ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ» ҳамчун яке аз ниҳодҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақсадҳои оинномавии ҳизбро барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, сармашқи кори худ қарор медиҳад. Ташкилот дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзоаш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. 
Айни замон ташкилот аз ҳисоби кормандони штатӣ ва ҳамкорони берунаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ дорои беш 163 аъзо мебошад. 
Аз ҳисоби кормандон ва донишҷӯёни факултет дар моҳи ноябр-декабри соли 2023 беш аз 40 нафари дигар ба сафи ҳизб аризаҳо аъзо шуданд. 
Ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ» баҳри дар амал татбиқ намудани дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъият ва ҲХДТ саъю кӯшиш намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъана ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф медиҳад. Инчунин, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ қарор додааст. 
Дар ҳамин замина, тибқи нақшаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ» дар соли тақвимии 2023-2024 аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, маданию корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар маҷаллаҳои даврӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ вокунишҳо нишон дода шудааст. 
Пас аз ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино барои фаъолияти минбаъдаи Ташкилоти ибтидоии «Ҳуқуқи иқтисодӣ» 7 нафар аъзои раёсат, 40 нафар вакил ба Конференсияи 10-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод”-и ҲХДТ дар ин ноҳия аз ташкилоти ибтидоии “Ҳуқуқи иқтисодӣ” интихоб карда шуданд. 
Дар охир Наврӯз Умарзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод” баромад намуда, ҷиҳати бомуваффақият ҷамъбаст намудани фаъолияти кории ташкилоти ҳизбӣ дар давоми солҳои сипаригардида ба ҳамаи аъзои он изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти кори минбаъда муваффақиятҳои навро таманно намуд ва таъкид кард, ки фаъолияти хешро дар самти пеш бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баҳри ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб дуруст роҳандозӣ карда шавад. 
Гузаронидани ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар дигар факултаҳои ДДМИТ идома дорад. 

Тағоймурод Эшзода