Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти муваффақонаи сол бо дастоварди илмӣ

Ҷамъбасти муваффақонаи сол бо дастоварди илмӣ

Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд. Ногуфта намонад, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба кадрҳои илмии ҷавобгӯи талаботи замон пайваста зиёд мегардад. Ин аст, ки дар шароити кунунӣ сафи олимони ҷавони донишгоҳ бештар гардида истодааст, ки ин баҳри пешрафти кору фаъолияти илмӣ-педагогӣ мусоидат менамояд. 
Ин навбат сардори бахши танзим ва иттилооти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳусейн Носирзода санаи 14-уми июни соли равон дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-062 назди Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06.02 - Идоракунии инноватсияҳо ва рақамикунонии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Идоракунии рушди устувори инноватсионии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли саноати хӯрокворӣ)” таҳти роҳбарии Хоҷамаҳмад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Ҳадаф аз таҳқиқоти диссертатсионӣ омӯзиши масъалаҳои назариявӣ ва таҳияи тавсияҳо барои такмил ва идоракунии рушди инноватсионии корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла соҳаи саноати хӯрокворӣ дар шароити иқтисоди муосир мебошад. 
Навгониҳои илмии таҳқиқот аз коркарди асосҳои назариявӣ, методологӣ ва институтсионалии мактабҳои муосири иқтисодӣ, муайян намудани самтҳои асосии низоми идоракунии рушди инноватсионӣ дар шароити ташаккулёбии иқтисодиёт, мукаммалгардонии механизми идоракунии инноватсионии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, таҳлил ва арзёбии вазъи саноати хӯрокворӣ иборат мебошад. 
Бояд гуфт, ки таҳқиқоти мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллиф якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудааст. Бо ин дастоварди илмӣ мо Ҳусейн Носирзодаро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои нав таманно дорем. 

Тағоймурод Эшзода