Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибони озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Ғолибони озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Тавре иттилоъ дода будем, даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз санаи 20 то 23-юми майи соли равон доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи чор номинатсия фаъолона ширкат варзиданд. 
Боиси ифтихор аст, ки намояндагони донишгоҳ - Махшулов Ҷумъа, муаллими калони кафедраи забони русӣ дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи 2-юм, Ҳомилзода Эҳсон Умедҷон, донишҷӯйи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи 2-юм ва Нурбекова Таманно, донишҷӯйи курси 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 3-юм гардида ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. 
Санаи 13-уми июни аз чониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Синои шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии таълимии ба номи Умари Хайём ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва муайян намудани беҳтаринҳо миёни устодон, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD) ва донишҷӯёни тамоми муассисаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Раёсати илм ва инноватсия