Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ярмарка-намоиши ҷойҳои кории холӣ дар ДДМИТ

Ярмарка-намоиши ҷойҳои кории холӣ дар ДДМИТ

Санаи 15 июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои банди 45-и Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2024, таҳти №5 ҷиҳати тақвияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ, дар Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид. Дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногун ва хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати дарёфти ҷойҳои кори доимӣ ширкат варзиданд. 
Ректори ДДМИТ Ҳ. Абдуалимзода зимни боздид аз намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод меҳмонон ва корфармоёнро ба таълимгоҳ хушомадед гуфта, иброз дошт, ки ин ярмарка бо мақсади бо кор таъмин намудани кадрҳои ҷавон, барои ҳамаи хатмкунандагон беҳтарин имконият мебошад. 
Ректор бо намояндагони муассисаву ширкатҳои гуногун суҳбат ороста, баҳри тақвияти ҳамкориҳо таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуд. Чорабинӣ ба хатмкунандагону донишҷӯён имкон дод, ки бо намояндагони ширкатҳои гуногун мулоқот кунанд, имкониятҳои касбиро омӯзанд ва бо мутахассисон робита барқарор намоянд. 
Зимни вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо мутахассисону хатмкунандагон гуфта шуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони замони нав ДДМИТ низ дар раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон минбаъд низ намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холиро баргузор менамояд. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, муҳайё намудани шароитҳои мусоид ва ба ин васила, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. 
Яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор, таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ тавассути мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад, роҳи дигари он, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ аст, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешавад. 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимӣ буда, дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ мебошад. Мақсади асосии таъсис ва фаъолияти донишгоҳ омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва дар бозори меҳнат рақобатпазир ба ҳисоб меравад. 

Наврӯз ҶОБИРОВ