Хабарҳо
Омӯзгорони ДДМИТ аз курси такмили ихтисос гузаштанд
Бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз санаи 29-уми май то 14-уми июни соли равон курси сайёри такмили ихтисоси омӯзгорони ДДМИТ ташкил ва баргузор гардид. Дар ин курс 71 нафар омӯзгори равияҳои молиявию иқтисодии донишгоҳ ширкат варзида, соҳиби диплом гардиданд. Машғулиятҳоро мутахассисони соҳа аз ҷумлаи олимони таҷрибадори соҳаи молияву иқтисод ва педагогикаву филологияи ҷумҳурӣ гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шумораи зиёди устодони донишгоҳ аз курсҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби диплом ва сертификатҳо мегарданд. Такмили ихтисос самти муҳимми фаъолияти ДДМИТ буда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаи касбии омӯзгорон саҳми назаррас мегузорад. Минбаъд низ гузаронидани чунин курсҳо дар назар аст.
Фаридун Сафарзода