Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии ДДМИТ

Оғози аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии ДДМИТ

Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 19-ум то 21-уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузаронида мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки аккредитатсияи институтсионалӣ сифати муассисаи таълимиро мувофиқи мақоми эълоншуда арзёбӣ ва фаъолияти илмии муассисаи таълимӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Аккредитатсия аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида мешавад. Ҳадафи ин агентии мустақил мусоидат ба баланд бардоштани сифати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути рушди сифат мебошад. 
IQAA фаъолияти худро барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор - ҳам донишҷӯён, волидони онҳо, кормандони илмӣ ва ташкилотҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва умуман, корфармоён равона мекунад. Стандартҳои аккредитатсияи IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд ва барои таъмини кафолати дохилии сифати муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд. Тартиби аккредитатсия, инчунин меъёрҳои давлатӣ ва стандартҳои байналмилалиро ба инобат мегирад. 
Дар раванди аккредитатсия коршиносон раванди таълим, корҳои илмиву тадқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, вазъи моддиву техникии раванди таълим, фаъолияти хоҷагидорӣ ва вазъи биноҳои таълимиву хобгоҳҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанд. 
Боварии комил дорем, ки ДДМИТ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ сарбаландона гузашта, мақоми пешсафи худро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ нигоҳ медорад. 

Фаридун Сафарзода