Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баргузории Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»

Баргузории Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»

Санаи 22-юми июни соли равон Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар конференсия Асрор Латифзода, муовини раиси ҲХДТ, Муродов Ҷурабек, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Зоир Ҳабибзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ширкат намуданд. Дар кори конференсия 6 масъала, аз ҷумла Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод», интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод», интихоби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод», интихоби вакилон ба Конференсияи 44-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. 
Дар ибтидо раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» Ҳакимбек Абдуалимзода баромад намуда, қайд кард, ки дар ду соли сипаригардида Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» фаъолияти худро вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ба роҳ монд. Дар ду соли сипаригардида фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» бештар ба самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ равона гардид. Дар муддати ҳисоботӣ 12 маҷлиси раёсат гузаронида шуда, 67 масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Кумита 1248 аъзо дорад, ки 384 нафарашонро бонувон ташкил мекунанд. Ҳамчунин, 367 аъзои нав ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд. Кумитаи ибтидоӣ дар самти ташвиқу тарғиби нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф буда, 97 мақола таҳия ва 122 соатҳои сиёсӣ вобаста ба ин мавзуъ гузаронида шуданд. Ҳамчунин, чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модарон, ҷашни Наврӯз, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ гузаронида шуданд. Аз ҷониби кумитаи ибтидоӣ 36 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона ва Аксияҳои тозагии маҳал ташкил ва гузаронида шуданд. Қайд карда шуд, ки минбаъд низ Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар амалишавии ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии ҲХДТ саҳми худро хоҳад гузошт. 
Дар музокираи масъалаи мазкур муовини ректори ДДМИТ оид ба корҳои тарбиявӣ Мастура Буриева баромад намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолу пешсаф мебошад. Дар муддати ҳисоботӣ зиёда аз 300 чорабинии хосияти идеологидошта гузаронида шудааст ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ минбаъд низ фаъол хоҳанд буд. 
Сипас, муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода баромад намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» корҳои ободонии зиёд ба анҷоми расонида шудаанд. Кумита дар амалишавии ҳадафҳову барномаҳои ҲХДТ нақши муҳим дорад. Дар самти корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ низ кумита пешсаф мебошад. Дар баргузории чорабиниҳои ҳизбии сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъол мебошад. Корҳои дохилиҳизбӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Лекин зарур аст, ки ба ин ҳама дастовардҳо қаноатманд нашавем ва сатҳу сифати кори ҳизбиро боз ҳам баландтар бардорем. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки айни замон вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб аст ва моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. 
Дар рафти кори конференсия 15 нафар аъзоёни ҳайти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» аз ҳисоби аъзоёни фаъол интихоб гариданд. Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод», Умарзода Навруз муовини якум ва Шарифзода Гулрухсор муовини озоди Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод» интихоб гардиданд. Ҳамчунин, 16 нафар вакилон барои иштирок дар Конференсияи 44-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино интихоб гардиданд. 
Дар фарҷоми конференсия ба аъзоёни нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.