Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ дар ДДМИТ

Нишасти матбуотӣ дар ДДМИТ

- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардид, ки он аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA- Ҷумҳурии Қазоқистон) гузаронида шуд ва ин дастоварди аз ҳама беҳтарин дар ин нимсола мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ки санаи 1 августи соли равон доир гардид. 
Дар оғоз ректори донишгоҳ роҷеъ ба дастовардҳои шаш моҳи аввали соли равон ба рӯзноманигорон маълумот дода, фаъолияти устодону донишҷӯён ва кормандонро назаррас арзёбӣ кард. Аз ҷумла дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 4-ум гардидан, таҳия ва қабули Стратегияи рушди донишгоҳ барои солҳои 2024-2028, аз курсҳои бозомӯзӣ, омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар гузаштани 86 нафар устоди донишгоҳ, ҳимояи 2 рисолаи докторӣ ва 15 рисолаи номзадӣ дар як сол, кушодашавии осорхонаи нав ва ғайра аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ ба шумор мераванд. 
Имсол донишгоҳро 67 нафар бо дипломи аълочӣ хатм кард, ки ин ҳам дастоварди беҳтарин маҳсуб ёфта, аз сатҳи баланди донишазхудкунии толибилмон шаҳодат медиҳад. гуфт ректор. 
Гуфта шуд, ки робитаи байналмилалӣ ДДМИТ сол ба сол густариш меёбад ва дар соли ҷорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар 5 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар баробари ин, дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён 9 нафар донишҷӯ дар нимсолаи дуюми соли таҳсли 2023-2024 дар Донишгоҳи давлатии Петрозаводск ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой барои таҳсил намудан сафарбар карда шуданд. 
Дар баробари ин, ректор ба ҳозирин дар бораи самти таълим, илм, тарбия ва хоҷагидорӣ низ маълумотҳои дақиқ пешниҳод карда, дар баробари ин ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО посух дод. 
Рӯзноманигорон асосан дар бораи шароити таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, нархи шартномаи таҳсили донишҷӯён, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб, фароҳам овардани шароити моддию маишӣ ба омӯзгорон, таносуби ҷойҳои буҷавӣ ва шартномавии таҳсил, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар соли нави таҳсил, номгӯи ихтисосҳои серталаб, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони таълимгоҳ ва ба ҳамин монанд саволҳо доданд. 
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, аз ҷумла аз телевизиони “Сафина”, “Илм ва табиат”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”. АМИТ “Ховар”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Ховар” рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Халқ овози”, “Фараж” ва дигар нашрияҳо, дар умум 35 нафар ба нишаст ҳозир шуда, аксарият ба ректори таълимгоҳ вобаста ба фаъолияти донишгоҳ саволҳо дода, ба онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. 

Машҳура Абдуллоева