Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маросими тақдими дипломҳои аъло дар ДДМИТ

Маросими тақдими дипломҳои аъло дар ДДМИТ

Санаи 16-уми август дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими навбатии супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону устодон ва волидони хатмкунандагон баргузор гардид. Чорабиниро ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ҳусни оғоз бахшида, сараввал хатмкунандагонро бо хатми донишгоҳ бо дипломи аъло табрик намуд. Ректори муассиса қайд намуд, ки дипломи аъло натиҷаи кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои хатмкунандагон буда, самараи хониши аъло ва интизоми намунавиашон мебошад. Маҳз кӯшишу талошҳо ва ғамгусориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, махсусан ДДМИТ беҳтарин шароитҳо муҳайё шудаанд ва донишҷӯён бо истифода аз ин шароитҳо донишу малакаи худро сайқал дода, сазовори дипломи аъло мегарданд. Ректори ДДМИТ бо умед ва боварӣ қайд кард, ки хатмкунандагони мо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассисони беҳтарин фаъолият хоҳанд кард. Бояд қайд кард, ки дар соли таҳсили 2023-2024 67 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. 
Сипас, сардори раёсати таълими ДДМИТ дотсент Муллоҷонов Асадулло баромад намуда, хатмкунандагонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолиятҳои минбаъдаашон бурдборӣ таманно намуд. 
Аз номи волидони хатмкунандагон бошад, Ҳабибуллозода Ҷамшед баромад намуд, ба роҳбарият ва коллективи меҳнатии донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Дар фарҷоми баромадҳо аз номи донишҷӯён хатмкунандандаи ихтисоси хадамоти гумрук Насриддинов Шоҳрух ва аз номи магистрантон Гадоев Икром баромад намуда, ба роҳбарият ва ҳайату профессорону омӯзгорон изҳори миннатдорӣ намуданд. 
Дар фарҷом дар шароити тантанавӣ ба 67 нафар хатмкунанда дипломи аъло тақдим карда шуда, аксҳои хотиравӣ гирифта шуданд. 
Мо, аҳли коллективи ДДМИТ ба хатмкунандагон бурдбориҳои нав ба навро орзумандем ва боварии комил дорем, ки бо фаъолияти босмарам ва босифати худ дар истеҳсолот обрӯю эътирофи ДДМИТ-ро боз ҳам баландтар мебардоранд. 
Роҳи сафед ва иқболи наку, хатмкунандагони азиз!