Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Намояндагони ДДМИТ дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омаданд

Намояндагони ДДМИТ дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омаданд

Бо оғози соли нави таҳсили 2024-2025 хушхабар ва пайки ғолибияти намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои фаъолияти пурсамари аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ такони ҷиддӣ мебахшад ва рӯҳбаланд мекунад. 
Боиси ифтихор аст, ки се нафар Махшулов Ҷумъа-устоди кафедраи забони русии ДДМИТ, Нурбекова Таманно-донишҷӯйи курси 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Ҳомилзода Эҳсон Умедҷон-донишҷӯйи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес дар даври шаҳрии озмуни мазкур иштирок варзида, дастболо шуданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифтанд, ки барои донишгоҳ дастоварди беҳтарин аст. 
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯзҳои 15-25-уми августи соли 2024 дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аз рӯйи шаш номинатсия баргузор гардид. Санаи 29-уми августи соли равон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид. 
Ҳамин тавр, Махшулов Ҷумъа дар номинатсияи эҷоди наср ширкат варзида, сазовори ҷойи 2-юм гардид ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҷоиза, Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. 
Нурбекова Таманно аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи 3-юм шуд ва бо Диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. 
Ҳомилзода Эҳсон Умедҷон аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардид ва бо Диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. 
Бояд қайд намуд, ки ғолибони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки сол то сол дар донишгоҳ теъдоди устодон ва донишҷӯёни суханвару сухандон зиёд шуда истодааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки чунин озмунҳо ва ҳамоишҳои илмӣ ба манфиати кор ва пешбурди ҷомеа саҳми босазои худро мегузорад. 
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур, дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми январи соли 2024, № АП- 480 тасдиқ шудааст. Бад-ин васила бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи илмӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маърифатӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ташаккули афкори солим, бой гардонидани захираи луғавӣ, рушди ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии устодону донишҷӯён ва муайян намудани беҳтаринҳо миёни устодон ва донишҷӯён мебошад. 
Мо ғолибони озмунро бо ин пирӯзӣ муборакбод намуда, дар даври ҷумҳуриявӣ низ дастболо шуданро таманно дорем.

Машҳура Абдуллоева