Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи дониш

Таҷлили Рӯзи дониш

Бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 1-уми сентябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён таҳти унвони «Нақши илму маориф дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар он Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. 
Ҷамъомадро Сатторзода Бобоҷон, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ кушода, ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2024-2025 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, қайд кард, ки чун анъана, дарси аввали Рӯзи дониш бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дарси сулҳ оғоз гардид ва он рамзист, зеро бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳо ва махсусан соҳаи маориф низ рушд мекунад ва он дастуру раҳнамоиҳое, ки имрӯз дода шуданд, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони касбӣ равона гардидааст. 
- Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд намудани соҳаи маориф низ аз суботи мамлакат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст,- гуфт Сатторзода Б. 
Баъдан Маҷидӣ Юсуф аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, заҳмати омӯзгорро дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас назаррас маънидод кард. Муовини аввали вазири молия дар баромадаш таъкид кард, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати мардуми кишвар ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст. 
Мавсуф дар идома иброз дошт, ки маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст ва бинобар ин, Пешвои миллат дар сиёсати худ маҳз маорифро дар ҷойи аввал мегузоранд. 
- Дарвоқеъ, дар тамоми давру замонҳо сатҳи донишу рушду инкишофи ҳар як давлат ва дараҷаи некуаҳволии халқ аз соҳаи маориф, хосса таълиму тарбия арзёбӣ карда мешавад. Аз ин хотир, Пешвои миллат ба инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишандӯзии толибилмон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва унвондор пайтаста таъкидҳоли махсус менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид,- гуфт Маҷидӣ Ю.Х. 
Мавсуф аз дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ёдовар шуда, ин иқдомотро беназир хонд ва дар соли нави таҳсил бештар шудани онҳоро таманно кард. 
Дар анҷоми ҷамъомад Сатторзода Б. баромад карда, боз як бори дигар қайд кард, ки коллективи профессорону омӯзгорони донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро вобаста ба соҳаи маориф ва илм сармашқи кори худ намуда, аз рӯйи он нақшаи чорабиниҳо тартиб медиҳанд ва фаъолияти пурсамарро пеш мебаранд. 


Машҳура Абдуллоева