Хабарҳо
Оғози соли нави хониш бо Дарси сулҳ
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар Рӯзи дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок ва бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуданд.
Соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо тамошои дастаҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз гардид, минҷумла барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ.
Аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯён дар толори фарҳангӣ суханҳои Пешвои миллатро гӯш карда, барои вусъати фаъолияти хеш дастурҳо гирифтанд.