Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши фарогири шукргузорӣ аз истиқлол

Ҳамоиши фарогири шукргузорӣ аз истиқлол

Дар байни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш меафзояд. Бинобар ин, бахшида ба таҷлили ин санаи таърихии муқаддас, санаи 6-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҳамоиши фарҳангиву сиёсии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса зери унвони «Истиқлол тантанаи ваҳдат, ҳамдилӣ, озодӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ» доир гардид. Дар он Ҳабибзода З.И., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Лоиқзода А., намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. 
Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ифтитоҳ карда, аҳли толорро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд ва дар бораи моҳияти он чанд андеша иброз дошт. Мавсуф, аз ҷумла, қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихиест, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо бо шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро ба дасти хеш гирифт. 
- Мо мардуми тоҷик худро аз он хушбахт меҳисобем, ки тавассути саъю кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намудем. Самараи неки истиқлолият аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст,- гуфт ректор. 
Ҳамзамон, Абдуалимзода Ҳ.А. таъкид кард, ки истиқлолу озодӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланди мо мебошад, ки 33 сол инҷониб номаи тақдирашро бо дасти худ навишта истодааст. Воқеан, дар ҷаҳони муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки Истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Барои он ки ба раванди созандагию корнамоиҳои бесобиқаи халқи бузургамон боварӣ пайдо кунем, моро ҳамин бас аст, ки аз дилхоҳ кӯчаю гулгашти пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе гузар намоем. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат эътироф намудаанд, эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунёду ободкории Душанбе оғоз шудааст. 
- Барои мо - кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист, ки дар қалби Тоҷикистони азиз кору фаъолият менамоем. 
Агар ба раванди ташаккули давлатдорӣ, бунёдкорию созандагӣ танҳо аз фаъолияти як устоди донишгоҳ баҳо диҳем, барои фардои дурахшони ин миллату давлат боварӣ ҳосил кардан кофист. 
Дар радифи ободкориву бунёдкориҳое, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳо барои оянда пешбинӣ шудааст, раёсати ДДМИТ низ нақшаҳои зиёде дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвият додани корҳои илмию таҳқиқотӣ, пайвастани илму истеҳсолот, ривоҷу равнақи корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ андешида шуда истодаанд, ки ҳамаи ин маҳз барои таъмини иқтисодиёти мамлакат бо кадрҳои соҳибкасб, муаррифии илми тоҷик дар ҷаҳон ва ободии Ватан равона шудааст,- гуфт дар охир ректор. 
Сипас Ҳабибзода Зоҳир баромад карда, аҳли нишастро бо ҷашни мубораки миллӣ - Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт. Зимни суханронӣ мавсуф дар бораи ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои миллӣ истода гузашт. Нотиқ қайд кард, ки истиқлолият ин масъулият аст, масъулият барои ободкорию бунёдкории ватан дар назди ҳар як сокини мамлакат. 
Дар идома ғолибони даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Ҷумъа Махшулов, Ҳомидзода Эҳсон, Таманно Нурбекова барои ишғоли ҷойҳои 2-юм ва 3-юм аз ҷониби раёсати таълимгоҳ бо Ифтихорнома ва бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор ва 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом сарфароз гардонида шуданд. 
Дар баробари ин, як қатор устодону кормандони донишгоҳ, аз ҷумла Сатторзода Б., Муродзода Д., Фарайдунов О., Раҳмонов М., Саидов Б., Манғитов М., Муминов А., Ғафуров П., Оралбоев Ҳ., Раҳимов Ф., Давлатов Б., Ҷумъаев И., Самардини Ш. барои фаъолияти бенуқсон ва пурсамар бо Ифтихорномаи ДДМИТ мукофотонида шуданд. 
Ба сардори шуъбаи амният ва бехатарии донишгоҳ Ҳабибуллозода Ҷ. медали 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. 
Дар охир баҳри болидарӯҳии ҳозирин дастагули консертӣ иборат аз рақсу суруд ва шеърхонию навозиши асбобҳои мусиқӣ аз ҷониби ҳаваскорони ансамбли «Ҷавонӣ» пешниҳод гардид, ки басо гарму самимӣ қабул гардид. 

Машҳура Абдуллоева