Хабарҳо
Ҳамоиш бахшида ба Истиқлоли давлатӣ
Бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ санаи 6-уми сентябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» бо иштироки донишҷӯён ва устодон ҳамоиши илмию сиёсӣ доир гардид.
Сараввал декани факултет София Темурбекова аҳли толорро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, дар бораи моҳияти он изҳори андеша намуд.
Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои миллати фарҳангсолори мо рӯйдоди нодири таърихӣ буда, имкон фароҳам овард, ки мо соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намоем. Инчунин, ҳифзи арзишҳои бунёдии миллатро таъмин намуда, ғояи ватандӯстиро дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеа афзун бахшем.
Дар идома устодон Неъматуллои Мирзошоҳ, Исматулло Ҷумаев ва мутахассиси раёсати тарбия оид ба донишҷӯдухтарон Тахмина Умаралиева низ аҳли толорро бо ҷашни умумимиллӣ табрик намуда, дар бораи моҳияти Истиқлоли давлатӣ изҳори андеша намуданд.
Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумуи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Давлате, ки ба пешрафти маориф таваҷҷуҳ менамояд, ҳатман рушд мекунад.
Бояд қайд кард, ки ДДМИТ зодаи даврони истиқлол буда, имрӯзҳо ба маркази омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод табдил ёфтааст.
Ҳамоиш дар руҳияи баланди ифтихор аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт