Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Чорабинии сиёсӣ дар факултети молия ва қарз

Чорабинии сиёсӣ дар факултети молия ва қарз

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Вобаста ба ин мавзуъ санаи 11-уми сентиябр соли ҷорӣ дар донишгоҳ чарабинии сиёсӣ-тарбиявии кафедраи фаъолияти биржавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таҳдиду хатарҳои муосир” баргузор гардид.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети молия ва қарз М.Нуров баромад намуда, иброз дошт, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Пасон мудири кафедраи фаъолияти биржавӣ профессор С.Мирсаидов дар мавзуи “Дастовардҳо дар зарфи 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маърузаи ассистенти ҳамин кафедра Ф.Раҳимзода дар мавзуи “Хатари бавуҷудоӣ ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар шароити муосир” баромади пурмуҳтаво намуданд.
Гуфта шуд, ки, ки имрӯзҳо дар чандин кишварҳо бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Ҳамчунин, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарзо будани пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқилона истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷустан аз сомонаҳои ғайридавлатӣ, савдои одамон ва ғайра ба ҳозирин суҳбат намуда, чандин моддаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Дар музокира ва ҷамъбасти семинар аз тарафи донишҷӯён атрофи масъалаҳои баррасишуда саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.

Самарддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз