Хабарҳо
Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ
Таҳти ҳамин унвон санаи 10-уми сентябри соли равон тибқи нақшаи корӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавовон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иқбол Қодирзода дарси тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Сараввал декани факултет Фахриддин Убайдов ҳозиринро ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар бораи моҳияти Истӣқлоли давлатӣ каме истода гузашт.
Дар идома Иқбол Қодирзода баромад карда, гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик ба даст оварда шудааст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии кишвар имрӯзҳо соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа рӯ ба тараққӣ овардаанд. Дар ин раванд, яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа соҳаи маориф аст, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҷомеа саҳми назаррас дорад, рушд меёбад ва ҳамасола ба ин соҳаи муҳим маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бештар мегардад. Ин ҳама аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ин соҳа, ба самти омодасозии кадрҳо ва илму дониш мебошад. Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми бунёдӣ ва такягоҳиро ишғол намуда, рушду нумуи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Зимни суханронӣ Иқбол Қодирзода донишҷӯёнро таъкид намуд, ки ба қадри ин сулҳу суботе, ки имрӯз дар дар Тоҷикистони азизи мо пойдор аст, бирасанд. Дар охир донишҷӯёни факултет дар васфи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.
Тағоймурод Эшзода