Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии ректор бо донишҷӯён

Вохӯрии ректор бо донишҷӯён

Бо мақсади аз наздик шинос шудану огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, фаъолияти таълимӣ, давомот ва иштироки онҳо ба дарсҳо, чун ҳамасола санаи 16-уми сентябри соли равон ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода дар толори таълимии донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултети менежмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ вохӯрӣ баргузор намуд, ки ӯро дар ин ҷамъомад Бобоҷон Сатторзода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, Мастура Буриева, муовин оид ба тарбия ва Баҳодур Ҷурахонзода, декани факултети мазкур ҳамроҳӣ намуданд. 
Муҳтавои мавзуи суҳбатро асосан масъалаҳои эҳтироми омӯзгор, риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ фаро мегирифт. Илова бар ин, ректор дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз техника ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва доштани ҳувияти миллиро таъкид намуда, иброз дошт, ки соли гузашта донишгоҳро 2083 нафар (аз инҳо 67 нафар бо дипломи олӣ) хатм намуданд, ки бо 112 донишгоҳи хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ барқарор намуда, дар панҷ соли охир зиёда аз 150 нафар донишҷӯ ба донишгоҳҳои бурунмарзӣ фиристода шудаанд. 
Гуфта шуд, ки барои таҳсил дар муассиса тамоми шароитҳо муҳайёст ва аз он самаранок истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбинии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хуб ва рақобатпазир шудан дар бозори меҳнат имконияти зиёд медиҳад. 
Зимни мулоқот ректор, инчунин, ба масъалаи зимистонгузаронӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар бораи шароити мусоиди будубоши донишҷӯён изҳори андеша намуд ва аз масъулин талаб кард, ки самаранокии истифодаи ҳама имкониятҳои иҷтимоиву маиширо ба роҳ монанд. 
Дар анҷоми вохӯрӣ ректор ба масъулини самти таълиму тарбия ва садорати факултет супоришҳои қатъӣ дод. 
Ташкили чунин суҳбатҳои озод бо донишҷӯёни дигар факултетҳои донишгоҳ дар оянда ҳам дар назар аст. 


Тағоймурод Эшзода