Хабарҳо
Муқовимат бо терроризм ва экстремизм
Имрӯз фазои сулҳу осоишта ва тинҷию амонӣ дар ҷумҳурӣ таъмин буда, сол то сол Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии сиёсии донишҷӯён ва соҳибкасбу соҳибтахассус гаштани онҳо, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, санаи 17-уми сентябри соли равон дар толори таълимии факултети иқтисод ва бизнес дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.
Сараввал декани факултет Наврӯз Умаров баромад намуда, қайд намуд, ки шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар вақти таълими фанҳои таърих ва ҳуқуқ ва корҳои тарбиявию беруназсинфӣ, дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза ва ҳушёрию зиракии наврасон, дар масъалаи гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эътибор дода шавад.
Мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Сунатулло Нуриддин бошад, дар баромади худ гуфт, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ кардани сокинони кишвар, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил диҳанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамоянд.
Дар анҷоми дарси тарбиявӣ саволу ҷавоб доир гардид.
Рустам Раҳимов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес