Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мутахассиси хориҷӣ дар ДДМИТ оид ба муқовимат бо коррупсия лексия хонд

Мутахассиси хориҷӣ дар ДДМИТ оид ба муқовимат бо коррупсия лексия хонд

Дар ҳошияи баргузории Ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия, ки дар пойтахти давлати мо – шаҳри Душанбе баргузор мегардад, вохӯрии прокурори калони Сарраёсати муқовимат бо коррупсия ва назорати иҷрои қонунҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Резанова Татяна Юревна бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.
 Вохӯрии мазкур дар асоси барномаи тасдиқнамуда ва бо дастгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
 Аъзои ҳайати Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия Резанова Т.Ю. дар мавзуи «Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Қирғизистон» маъруза намуда, оид ба таҷрибаи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Қирғизистон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф қайд намуд, ки коррупсия, дарвоқеъ, яке аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа маҳсуб ёфта, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Мубориза алайҳи коррупсия кори ҳамагон буда, бо роҳи баланд бардоштани саводнокии илмиву назариявии аҳли ҷомеа амалӣ карда мешавад. Гуфта шуд, ки проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад, бинобар ин, муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона аст.
 Баргузории мулоқоти мазкур баҳри амалӣ гардидани тадбирҳо дар самти эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону кормандон, мафкураи зиддикоррупсионии ҷавонон ва шиносоӣ бо таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия саҳми роҳандозӣ гардидааст.
 Дар хотимаи мулоқот раёсати донишгоҳ барои ташриф ба донишгоҳ ва баргузории мулоқот дар сатҳи баланд ба меҳмони олиқадр изҳори сипос намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ супориданд.