Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи навбатӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ

Ҳимояи навбатӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ

Боиси фараҳмандист, ки соли нави хониш бо дастовардҳои илмии устодон оғоз мегардад. Ин навбат Зарипов Манучеҳр Абдухолиқович, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ рӯзи 19 сентябри соли равон дар шурои диссертатсионии 73.1.017.01 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Б.И.Маршак – муҳаққиқи фарҳанги Суғд (аз рӯйи маводи бостоншиносии Панҷакент)» аз рӯйи ихтисоси 5.6.3 – Бостоншиносӣ таҳти роҳбарии Каримова Г.Р., н.и.т., ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ бомуваффақият ҳимоя кард. 
Дар кори илмӣ саҳми Б.И.Маршак дар таҳқиқи таърихи Панҷакенти бостон ва аҳаммияти амалию назариявии он барои пешрафти илми бостоншиносӣ ва таърих баррасӣ гардидааст. 
Мо Манучеҳр Зариповро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояш дар фаъолияти минбаъда барор мехоҳем.