Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мактабу маориф - омили муҳимтарини таҳкими Истиқлоли давлатӣ

Мактабу маориф - омили муҳимтарини таҳкими Истиқлоли давлатӣ

Санаи 19-уми сентябри соли равон бо иштироки донишҷӯёну кураторон ва устодони кафедраҳои факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ дар мавзуи "Мактабу маориф - омили муҳимтарини таҳкими Истиқлоли давлатӣ” соати тарбиявӣ баргузор гардид. 
Сараввал, декани факултет Баҳодур Ҷурахонзода қайд кард, ки маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ омили пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ ва яке аз пояҳои муҳимми давлатдорӣ маҳсуб меёбад. 
Рушду нумӯи ҳар як давлату миллат, ба вижа дар шароити муосир, ба сиёсати дурандешонаю пайгирона дар самти мактабу маориф, таҳкиму ташаккули низоми таҳсилот тибқи меъёрҳои муқарраршудаи ҷаҳонӣ вобастагии қавӣ дошта метавонад. 
Мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Ҷумъа Махшулов дар доираи мавзуъҳои интихобшуда андешаҳои хешро иброз намуданд. 
Гуфта шуд, ки мактабу маориф дар шароити кунунии рушд ва ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи таълимию иттилоотӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми меҳвариро соҳиб аст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, қайд намудаанд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. 
Дар охири дарси тарбиявӣ мубоҳиса ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 

Маҳбуба Ғафорова, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ