Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон ва Истиқлоли давлатӣ

Ҷавонон ва Истиқлоли давлатӣ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявӣ санаи 19-уми сентябри соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати 33-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Ҷавонон ва Истиқлоли давлатӣ ” баргузор гардид, ки дар он Амирҷон Иброҳимзода, сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нусратулло Маҳмудзода, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. 
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода мизи мудавварро оғоз бахшида, моҳият ва ҳадафи баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод ва қайд намуд, ки дар таърихи навин муҳимтарин дастоварди миллии мо расидан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Дар шароити кунунии кишвари соҳибистиқлоламон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, созандагию бунёдкорӣ ва вусъати тоза бахшидан ба раванди сиёсати давлатии онҳо яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлолияти комил ва самти муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба шумор рафта, ҷавонон бидуни доштани ин арзишҳо наметавонанд фарзандони арзандаи миллат ва ворисони сазовори меҳану номбардори ниёгони хеш бошанд. 
Намояндагони кумита Амирҷон Иброҳимзода ва Нусратулло Маҳмудзода вобаста ба паҳлуҳои мухталифи истиқлолият ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, инчунин самаранокии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён намуданд. 
Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушди такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. 
Шароитҳои фароҳамовардашуда бошад, баҳри рушду инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, ҳамчун як шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд, ки ин дар навбати худ, дар замири онҳо қобилиятҳои нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ бамаротиб боло бурд. 
Мусаллам аст, ки имрӯз дар такя ба қувва ва неруи ҷавонон мо ҳадафҳои бунёдкоронаи имрӯзаю ояндаи худро баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба нақша мегирем ва ҷиҳати ноил гардидан ба он тамоми қувва ва тавони худро сафарбар намуда истодаем. 
Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. 
Дар музокира Халифазода Ҷовидон, номзади илмҳои иқтисодӣ, Сиёвуш Ҳабибов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ суханронӣ карда, таклифу дархостҳои гуногун доир ба сатҳу сифати баргузории ҷамъомадҳо пешниҳод намуданд. 

Тағоймурод Эшзода