Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастоварди илмии Музаффар Ҷулиев

Дастоварди илмии Музаффар Ҷулиев

Санаи 20-уми сентябри соли равон дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ Музаффар Ҷулиев дар мавзуи “Ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии таъмини ҳамгироии рушди низоми бонкӣ бо бахшҳои иқтисодиёт дар Тоҷикистон” сурат гирифт. 
Номбурда рисолаашро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6-DО50900 - Молия (6- DО 50901 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) таҳти роҳбарии Шукрулло Хайрзода. доктори илмҳои иқтисодӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара бомуваффақият ҳимоя кард. 
Мақсади таҳқиқотро омӯзиши ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии таъмини ҳамоҳангии рушди низоми бонкӣ ва бахшҳои иқтисоди миллӣ, таҳқиқи сатҳи ҳамбастагии бахши бонкӣ ва вазъи иқтисодиёт, дарёфти роҳҳои тақвияти ҳамкории низоми бонкӣ ва бахши воқеии иқтисодиёт дар бар мегирад. 
Навгонии илмии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз таҳлилҳои мушаххас ва пешниҳодҳои қобили эътимод дар масъалаи таъсири низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёт ва ҳамбастагии онҳо дар шароити муосир иборат аст. 
Мо бо ин дастоварди илмӣ Музаффар Ҷулиевро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои нав орзу менамоем.