Хабарҳо
Чорабинӣ оид ба муқовимат бо терроризм, экстремизм ва савдои одамон
Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва шуъбаи кор бо ҷавонон пайваста бо намояндагони мақомоти дахлдор вохӯриҳо баргузор мекунад. Чунин як вохӯрии судманд санаи 23-юми сентябри соли равон бо иштироки Омина Шуҳратзода, сардори шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе ва Наврӯз Абдуллозода, нозири калони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД №1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм, экстремизм ва савдои одамон» баргузор гардид.
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода чорабиниро кушода, гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чун шахсони ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҷодаи ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаъолияти мақомоти қудратӣ ҳамон вақт осон мегардад ва самар медиҳад, ки шаҳрвандон қонунҳоро риоя намуда, ба ҳуқуқвайронкунӣ ва беинтизомии атрофиён бетараф набошанд.
Намояндаи Раёсати ВКД Омина Шуҳратзода дар баромади худ гуфт, ки кирдори номатлубе, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти ҷомеа хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки муқовимат бо терроризм, экстремизм ва савдои одамон фақат вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд.
Ҳамчунин, нотиқон дар бораи хатарзо будани пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқилона истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷустан аз сомонаҳои ғайридавлатӣ, ҳифзи забон ва фарҳанг, зӯроварӣ дар оила, тарғиботи ғайриқонунии динӣ бо ҳозирин суҳбат намуда, чандин моддаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Дар идома намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми баромад дар бораи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, иштироки ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва давлатдорӣ андешаронӣ намуда, донишҷӯёнро барои ҳифзи ин арзишҳои барои ҳар як нафар арзанда даъват намуданд.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт