Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагон

Вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагон

Бо иштироки донишҷӯёну кураторон ва устодони факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 21-уми сентябри соли равон дар мавзуи "Дастовардҳои 33 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор иштирок ва суханронӣ намуд. 
Чорабиниро декани факултет Амрулло Нурализода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ, калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. 
Зимни суханронӣ Рустам Қудратов дар бораи ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти Истиқлоли давлатӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои миллӣ истода гузашт. Мавсуф иброз дошт, ки дар давоми 33 соли Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ, ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад. 
Сипас Мастура Буриева, муовини ректор оид ба тарбия сухан карда, ёдрас шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон дод баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳаммияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърихи миллат ба шумор меравад. 
Ӯ дар бораи моҳияти Истиқлоли давлатӣ андешаҳои ҷолиб гуфт. 

Тағоймурод Эшзода