Хабарҳо
Дар ДДМИТ курсҳои омӯзиши забони чинӣ оғоз мегарданд
Имрӯзҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯйи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забономӯзӣ аҳаммияти махсус зоҳир карда мешавад, зеро донистани забонҳои хориҷӣ барои шахс имкониятҳои нави рушдро медиҳад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишгоҳ, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои хориҷӣ, ташкили таҳсилоти фосилавӣ, табодули устодону донинишҷӯён ва инчунин баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад. Яке аз масъалаҳои мубрам ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.
Баҳри баланд бардоштани савияи забондонии устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз тарафи шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо Институти Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, дар ин доира курси омӯзиши забони хитоӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ дар ДДМИТ давраи дуюми курси омӯзишии забони хитоӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар донишҷӯи донишгоҳ номнавис шуда, дар ҳар як баст то 35 нафар донишҷӯ забони хитоиро меомӯзанд.
Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни давраи аввал барои идомаи курс барои гирифтани сертификати HSK-2 дар як ҳафта як маротиба забони хитоӣ меомӯзанд.
Омӯзгори забони хитоӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин даъват шудааст. Дар анҷоми курс баъд аз супоридани имтиҳон ба донишҷӯён сертификати HSK мувофиқи дараҷаи забондониашон дода мешавад.