Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хизмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстист

Хизмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстист

Санаи 24-уми сентябри соли равон бо ибтикори факултети иқтисод ва бизнес ва раёсати корҳои тарбиявӣ дар толори таълимӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шомил нагаштан ба гурӯҳҳои ифротгаро» дарси тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он устодон, кураторон, раиси созмони ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуданд. 
Декани факултет Наврӯз Умаров сараввал дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён ҷиҳати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сухан ронда, аз ҷумда қайд намуд, ки дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи арзишҳои истиқлол ва саҳм гузоштан дар ободониву осоиштагии Ватани маҳбуб вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси ин марзу бум ба шумор меравад. 
- Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Бинобар ин, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар ҳақиқат, сипари боэътимод, ҳимоятгари шаҳрвандон ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд,- гуфт нотиқ. 
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзада бошад, дар баромади худ гуфт, ки бояд дарсҳои тарбиявии кураторон дар сатҳи баланд гузаронида шаванд ва он барои донишҷӯ дарси хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ бошад. Бинобар ин, сарпарастонро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд. Инчунин, бо донишҷӯёне, ки ба раванди тадрис аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд, корҳои иловагӣ бурда, давомоти онҳоро таҳти назорати қатъӣ гиранд. 
Ӯ дар анҷоми суханаш омӯзгоронро уҳдадор кард, ки бо волидайни донишҷӯён робитаро тақвият бахшида, ҳамчунин, суҳбатҳои инфиродиро бо толибилмон мунтазам баргузор намоянд ва дарсҳои сиёсиро низ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. 
Дар охир Наврӯз Умаров сарпарастони гурӯҳҳоро муваззаф намуд, ки фаъолиятро дар самти тарбия дар сатҳи зарурӣ гузаронанд ва ба ин васила дар мутахассиси ҷавобгӯйи давру замон шудани донишҷӯён тамоми донишу малака ва неруи худро сарф кунанд. 

Рустам Раҳимов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ