Хабарҳо
Ҷаласаи волидон дар факултети МИБ
Тибқи нақшаи кории факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати тарбияи донишгоҳ санаи 25-уми сентябри соли равон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз раёсати корҳои тарбиявӣ, кор бо ҷавонон, эдвайзерон, мудирони кафедраҳо ва устодон ширкат варзиданд.
Сарравал, сардори раёсати корҳои тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар бораи зарурати ҳамкории донишгоҳу волидон, масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд ва назорати волидон аз болои фарзандон, интизоми донишҷӯён маълумот дода, оид ба сари вақт ва бо либоси расмӣ ба дарсҳо ҳозир шудан ва эҳтиром зоҳир намудан нисбати устодони донишгоҳ сухан кард.
Номбурда таъкид дошт, ки мақсади мо - устодони донишгоҳ хориҷ кардан ё сарзанишу танқид кардани донишҷӯён набуда, балки таълим додан ва дар роҳи илму маърифат тарбия намудани онҳост.
Сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Мавҷуда Давлатова бошад, дар баромадаш қайд кард, ки донишҷӯён бештари вақташонро дар оилаашон мегузаронанд, бинобар ин ба онҳо падару модар роҳи зиндагиро меомӯзонанд ва дар таълиму тарбияи ӯ масъуланд. Падару модаронро зарур аст, ки ба тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ намоянд.
Аз тарафи садорати факултет дар ҳузури волидайн ба чандин донишҷӯён, ки дониши хуб ва ахлоқи намунавӣ доштанд, ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Дар охир волидайни донишҷӯён баромад намуда, ба садорати факултет ва аҳли устодон миннатдорӣ баён намуданд.
Фариза Чориева, эдвайзер оид ба тарбияи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ