Хабарҳо
Фаъолияти кураторон ҷоннок карда мешавад
Санаи 25-уми сентябри соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҷаласаи кураторон баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Мастура Буриева, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов, декани факултет, мудирони кафедраҳо, кураторон, сардорони гурӯҳҳои академии факултет иштирок доштанд.
Муҳтавои мавзуъҳои баррасишударо асосан манъи даъвати шахсони бегона ба хобгоҳ (ба истиснои волидон), истифодабарии телефонҳои мобилии сенсорӣ (барои донишҷӯён), худдорӣ аз ҳар гуна таҷҳизоти аксбардорӣ, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, баргузории чорабиниҳои фардӣ, дар раванди дарс бо худ доштани асбобҳои халандаву буранда ва таҷҳизотҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳоро манъ намудааст ва нигоҳ доштани интизому тозагӣ дар хобгоҳи донишгоҳро ташкил менамуданд.
Мастура Буриева дар баромади худ оид ба назорати нақшаи инфиродии донишҷӯён, китобхонии онҳо суханронӣ намуда, қайд кард, ки саҳми кураторон дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳ бениҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, кураторонро зарур аст, ки бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, сатҳи таълиму тарбияро бо ин васила баланд бардоранд. Қайд карда шуд, ки ба донишҷӯён рӯйхати адабиёт тақсим карда шавад, то эшон дар вақтҳои холӣ бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд.
Дар фарҷом барои ҷоннок кардани фаъолияти кураторон тавсияҳои судманд дода шуд.
Маҳбуба Ғафорова, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ