Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар доираи тарбияи ахлоқии ҷавонон, шиносоӣ ва раванди ба низом даровардани тарзи пӯшидани либос, вазифаву уҳдадориҳои донишҷӯён садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо иштироки кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ санаи 30-юми сентябри соли равон, бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани донишҷӯдухтарон, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии онҳо ва тарғиби маданияти либоспӯшӣ, пӯшидани атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ ҳамоиши “Либоси миллӣ - нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллии Тоҷикистон” баргузор намуд. 
София Темурбекова, декани факултет чорабиниро оғоз карда, қайд намуд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, баланд бардоштани мақому манзалати он, мо зарур донистем ҷиҳати аз аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва пӯшидани сару либоси бегона байни омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон ҳамоиши зеринро роҳандозӣ намоем. 
Баъдан, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Тахмина Умаралиева ба сухан баромада, бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба ахлоқ ва фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон андешаронӣ кард. Номбурда, аз ҷумла, хотирнишон намуд, ки масъалаи фаъолнамоии ҷавондухтарон дар муассиса яке аз мавзуъҳои калидӣ ва мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад ва дар доираи ҳамин мақсадҳо ҳамасола донишҷӯдухтарону бонувон барои таҳсил ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. 
Ҳамзамон, Т. Умаралиева дар суханрониаш ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон низ таваҷҷуҳ намуда, гуфт, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурраву воқеъбинона амалӣ шуда, минбаъд ҳам садорати донишгоҳ кори худро дар самти пӯшидани либосҳои тавсиявии донишҷӯдухтарон фаъолтар кунад ва ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳалталаби занону донишҷӯдухтарон сари вақт расидагӣ кардан низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб равад. 
Мавриди зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Садорати факултет низ бо ин гуна тадбирҳо пайваста дар муаррифии либосҳои миллӣ тибқи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ саҳмгузорӣ менамояд. 

Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт