Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ҲАМОИШ ОИД БА ШАРҲУ БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР ДДМИТ

ҲАМОИШ ОИД БА ШАРҲУ БАРРАСИИ ПАЁМ ДАР ДДМИТ

Санаи 24-уми январи соли равон дар толори фарҳангии ДДМИТ вобаста ба баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - василаи таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид. 
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Раҳимӣ - раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сурайё Дӯстмуродзода - раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аброр Мирсаидов - муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллои Раҳнамо - мудири маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии ИНТ иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Ҳамоишро ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ифтитоҳ намуда, рушди соҳаҳои гуногуни кишварро, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардида буданд, шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки Паём ин дастури муфиду роҳнамое мебошад, ки ҳар яки моро ба сӯйи ояндаи дурахшон, бунёди ҷомеаи осоишта бо азму ирода ва ташаббусҳои наҷибу созанда ва ифтихор доштан аз фарҳангу тамаддуни миллат раҳнамун месозад. Ин санади муҳимму тақдирсозро мебояд ҳамчун дастури роҳнамову сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем. 
Сипас, Фарҳод Раҳимӣ - раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат мисли паёмҳои солҳои пешин, дорои арзишҳо ва аҳаммиятҳои хос мебошад. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас муайян мегардад. 
Дар идомаи ҳамоиш, Сурайё Дӯстмуродзода - раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аброр Мирсаидов - муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва муҳиммияти эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” муфассал баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати иқдоми мазкурро дарк намуда, дар рушди донишҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ талош варзад. 
Зимни ҳамоиш, Абдуллои Раҳнамо – мудири маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии ИНТ суханронӣ карда, оид ба масоили Паёми навбатӣ андешаҳои худро иброз намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳар яки мо бояд пайравӣ аз ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллат намуда, саъю кӯшиши худро баҳри ободии Ватани азизамон равона созем. 
Дар фарҷоми ҳамоиш ректори донишгоҳ аз меҳмонон ҷиҳати иштирок ва ибрози андешаҳои саҳеҳ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ба кулли ҳозирин барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барору комёбиҳо таманно намуд.