Хабарҳо

«МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД» - ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН
Шумораи навбатии рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод» 29-уми январи соли 2025 бо тарҳ ва намои ҷадид, бо мазмуну муҳтавои тоза иборат аз 24 саҳифаи ранга, дар шакли нав аз чоп баромада, дастраси хонандагони сершумораш гардид.
Дар саҳифаи аввали он ифтитоҳи «Гӯшаи сабз»-и донишгоҳ, дар идома ҳисоботи ректори ДДМИТ, ҳамоиш оид ба шарҳу баррасии Паём дар ДДМИТ, дастоварди нахустини илмӣ дар соли 2025 инъикос гардидааст. Дар ин шумора хабару мақолаҳо бештар шарҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла инъикоси равандҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ташаккул ва истифодаи сармояи инсонӣ, дастгирии давлатии себъектони фаъолияти соҳибкорӣ, рушди иқтисодиёт, иқтисоди рақамӣ ва муҳимияти он ва дигар мавзуъҳоро дар бар гирифтааст. Инчунин, масъалаҳои рӯзмарра - ҷавонон, обу иқлим, пешгирии коррупсия ва терроризм низ аз мадди назар дур намондааст. Ҳамзамон, баҳри фароғат ва ғизои маънавӣ бардоштани хонандагон кроссворд ва луғатнома бо се забон ҷой дорад.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо новобаста ба рушди воситаҳои электронии ахбор, пешрафти илму техника ва интернету саҳифаҳои иҷтимоӣ нашрияҳои чопӣ ҷойгоҳи махсуси худро доро мебошанд.
Маълум аст, ки мазмуну мундариҷаи ҳар як нашрияро савияи донишу таҷрибаи кории кормандони он муайян мекунад. Дар самти бо тарҳу рӯи тоза ва ранга рӯи чоп омадани моҳнома, саҳми мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Манучеҳр Зарифов, сармуҳаррири рӯзнома Давлатбӣ Сайдалиева, муҳаррирон Раъно Ҳакимова, Наврӯз Ҷобиров, Баҳора Умарова, Тағоймурод Эшов ва дигарон хеле назаррас аст. Зимни фаъолияти худ онҳо тавонистанд, ки бо таҳрир ва навиштани маводҳои ҷолибу хонданибоб дар раванди боло бардоштани руҳияи мардум дар арсаи созандагӣ ва баҳри ба талаботи замон тайёр намудани мутахассисони соҳа, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани донишҷӯён таъсир расонанд.
Албатта, тавассути ин нашрияи чопӣ метавонем аҳли ҷомеаро ба роҳи ватандӯстӣ тарбия намуда, бо ақидаҳои созанда барои некбин шудани донишҷӯён мусоидат намоем.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки нашрияи «Молия ва иқтисод» дар фазои иттилоотии кишвар байни нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойгоҳ ва эътибори махсуси худро доро гашта, бо мазмуну мундариҷа ва маводҳои хонданибоб маълуму машҳур аст. «Молия ва иқтисод» ҳамқадами ҳаёт буда, фаъолияти донишҷӯён ва устодони донишгоҳро дар саҳифаҳои рангини худ пайваста инъикос менамояд.
Тағоймурод Эшзода