Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинари илмӣ-амалӣ: Мавқеи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ

Семинари илмӣ-амалӣ: Мавқеи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ

Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» санаи 29-уми январ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ, бо ибтикори кафедраи иқтисоди ҷаҳон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мавқеи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ: Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд» баргузор гардид. Дар кори он Фаредун Ҳамроев - директори ширкати сайёҳии “ҶДММ Расул-тур” ширкат варзид. 
Нахуст, Фирӯз Қодиров - муовини ректор оид ба илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. 
- Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 220 ширкати сайёҳӣ машғули ҷалби сайёҳони хориҷию ватанӣ мебошанд. Тибқи омори расмӣ, дар соли сипаригардида 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд, ки ин дастоварди хеле хуб дар соҳаи сайёҳӣ ва иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, боиси рушди иқтисоди мамлакат ва буҷаи давлат мегардад, - иброз дошт Фирӯз Қодиров. 
Сипас, менеҷери ширкати сайёҳии ҶДММ «Виркан-Сайр» Манучеҳр Зарифов дар мавзуи “Таърих, ташаккул ва мавқеи сайёҳӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон ва усулҳои гузаронидани экскурсия аз тарафи роҳбалад” ва ассистенти кафедраи иқтисоди ҷаҳон Нулуфар Ақдодова дар мавзуи «Нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳон» бо истифода аз слайдҳо баромади пурмуҳтаво намуданд. 
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мероси пурарзиши таърихию фарҳангӣ барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. 
Ҳозирин аз баргузории семинари мазкур ғизои маънавӣ гирифта, баргузории онро судманд арзёбӣ намуданд. 


Тағоймурод Эшзода