Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДМИТ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДМИТ

Санаи 5-уми феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио аз он ҷумла: “Ҷаҳонамо”, “Сафина”, “Илм ва тибиат”, “Баҳористон” радиои «Тоҷикистон», «Ховар», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», “Минбари халқ”, “Народная газета”, «Фараж», “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва дигар намояндагони ВАО иштирок намуданд. 
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода оғоз намуда, аз натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ суханронӣ намуда, фаъолияти устодону донишҷӯён ва кормандонро дар соли таҳсили 2024-2025 назаррас арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони ДДМИТ дар соли таҳсили 2024-2025 бо дарки масъулият бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самаранок намуданд ва дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва пурзӯр намудани пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 4-ум гардидан, аз омӯзиш ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар гузаштани 34 нафар устоди донишгоҳ, ҳимояи 4 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ, аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардидан, таъсис додани 6 ихтисоси нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯй, таҳия ва қабули «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ ба шумор мераванд. 
- Имсол донишгоҳро 70 нафар бо дипломи аъло хатм кард, ки ин ҳам дастоварди беҳтарин маҳсуб ёфта, аз сатҳи баланди донишазхудкунии толибилмон шаҳодат медиҳад. 
- Дар даври ҳисоботӣ бинои таълимии №1, ошёнаи якум ва дуюм пурра таъмир гардида, дар ошёнаи якуми бинои мазкур Гӯшаи ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ, Гӯшаи сабз, Гӯшаи фаъолияти Ректорони муассиса ташкил шуда, толори Шурои олимони донишгоҳ бо тарҳи замонавӣ ва китобхонаи Шурои диссертатсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бо мақсади татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” дар ДДМИТ барои кормандон ва омӯзгорон синфхонаҳои забономӯзӣ мавриди истифода қарор дода шуд. 
Гуфта шуд, ки робитаи байналмилалӣ ДДМИТ сол ба сол густариш меёбад. Бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот ва фаъолияти корҳои тадқиқотӣ – илмӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ ДДМИТ аз давраи ташкилшавӣ дар рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 153 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. 
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ дар ДДМИТ курси омӯзишии забони хитоӣ ба роҳ монда шуда, дар курси мазкур донишҷӯёни донишгоҳ дар ду баст ба омӯзиши забони хитоӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон, дар донишгоҳ айни ҳол беш аз 341 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд. 
Ҳамзамон, дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён 9 нафар донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Петрозаводски ФР, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Фр ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни ҶХХ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. 
Дар баробари ин, ректор ба ҳозирин дар бораи самти таълим, илм, тарбия ва хоҷагидорӣ низ маълумотҳои дақиқ пешниҳод кард. 
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, аз ҷумла аз телевизиони “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”. АМИТ “Ховар”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Ховар” рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Халқ овози”, “Фараж” ва дигар намояндагони ВАО ба ректори донишгоҳ вобаста ба фаъолияти донишгоҳ саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо карданд. 
Рӯзноманигорон асосан дар бораи шароити таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, нархи шартномаи таҳсили донишҷӯён, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб, фароҳам овардани шароити моддию маишӣ ба омӯзгорон, таносуби ҷойҳои буҷавӣ ва шартномавии таҳсил, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён дар соли нави таҳсил, номгӯи ихтисосҳои серталаб, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони таълимгоҳ ва ба ҳамин монанд саволҳо доданд ва посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.