Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ПАЁМ ДАСТУРИ РОҲНАМО БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ПАЁМ ДАСТУРИ РОҲНАМО БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Санаи 6-уми феврали соли равон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ дарси сиёсӣ-тарбиявӣ, таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо барои фардои дурахшон» доир гардид. 
Дарси тарбиявиро мудири кафедраи менеҷмент, Неъматов И., ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба нуктаҳои асосии Паём суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад. 
Дар идома, профессори кафедраи менеҷмент Аминов И., баромад намуда, аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо овард. 
Дар охир, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ Бобозода Ҷ. ва. сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҳабибов С. музокира намуда, оиди таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбати ҷавонон ибрози андеша намуданд.