Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШАРҲУ БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ШАРҲУ БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 2-юми феврали соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои самти тарбиявии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ шарҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. 
Нахуст, декани факултет София Темурбекова нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллатро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад ва ба Вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Сипас, меҳмонон Сафаров С., Ҳаитов С., Давлатзода А. ва Ҳабибов С. оид ба самтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз захираву имкониятҳо барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору хизматрасонӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.