Хабарҳо

Паёми Пешвои миллат- василаи давлатдории миллӣ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбия ва факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ санаи 4-уми феврали соли равон ҳамоиши сиёсӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат- василаи давлатдории миллӣ” оиди шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир гардид.
Ҳамоишро мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Сунатулло Нуриддинов оғоз намуда, доир ба масъалаҳои асосии Паёми Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои ҷолиб баён намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат мисли паёмҳои солҳои пешин дорои арзишҳо ва аҳаммияти хос мебошад. Зеро дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас муайян мегардад.
Тавре аз нуқтаҳои Паём бармеояд, фаъолияти соҳибкорӣ ва машғул шудан ба он яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар баробари ҳукуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шахсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, эътироф, риоя ва ҳифз мегардад.
Дарҳақиқат, қобили қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии субъектони фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш суолу ҷавоб сурат гирифт