Хабарҳо

Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
Тибқи нақшаи кории факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ санаи 10-уми феврали соли равон бо иштироки устодони кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Бахтовар Давлатов ва Неъматуллои Мирзошоҳ дарси тарбиявӣ- сиёсӣ дар мавзӯи “Нақши иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор гардид. ки дар он донишҷӯён ва устодон иштирорк нмаданд.
Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов дарсро ифтитоҳ намуда, дар бораи иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ изҳори андеша намуда, муҳимияти баргузории чунин дарсҳои сиёсӣ-тарбиявиро ба манфиати муҳассилин ва устодону кормандони факултет ҳисобида қайд кард, ки асри 21 асри техника ва технология мебошад. Мо дар асре карор дорем ки технология бо сурати баланд рушд карда истодааст ва нақши иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯза яке аз мавзуъҳои муҳим буда, он ба устодон ва донишҷӯён имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа аз наздик огаҳӣ пайдо намоянд.
Сипас, Бахтовар Давлатов ва Неъматуллои Мирзошоҳ бо истифода аз слайд ва тахтаҳои электронӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар низоми қонунгузории мамлакат, инчунин тарзи истифодабарии иқтисоди рақамӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ баромади пурмуҳтаво намуданд.
Гуфта шуд, ки зеҳни сунъӣ метавонад омӯзишро осонтар, шавқовартар ва самараноктар гардонад. Он ҳамчун ёрдамчии рақамӣ метавонад донишҷӯёнро дар таҳсил, таҳқиқот ва рушди малакаҳои касбӣ дастгирӣ кунад. Зеҳни сунъӣ (AI) барои донишҷӯён имкониятҳои зиёдеро фароҳам меорад, ки метавонанд раванди таълимро осонтар, самараноктар ва шавқовартар гардонанд.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Фариза Чориева, эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ