Хабарҳо

Ҷавонони худогоҳи мо мавқеи устувор доранд
Санаи 11-уми феврали соли равон дар асоси нақшаи кории факултети иқтисод ва бизнес ва раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дарси сиёсиву тарбиявӣ дар мавзӯи «Терроризм, экстреризм ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал декани факултет Наврӯз Умарзода дарси сиёсиву тарбиявиро кушода, қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Ӯ бо таассуф гуфт, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва зиёд шудани ин амалҳои нангин заминагузорӣ мекунанд. Масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро халалдор менамояд.
Сардори раёсати корҳои тарбияви Абдулло Давлатзода зимни суханронии худ гуфт, ки дар зери таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтода, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоранд, падару модарон ва наздиконашонро миёни ҷомеа шармсор месозанд. Ин гуна гурӯҳҳо насли ҷавонро бо ақидаҳои гуногун ва бо ҳар роҳу воситаҳо тарғибу ташвиқ мекунанд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар зуд ба ваъдаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти осудаи худро зери хатар мегузоранд.
Муҳаё Давлатзода, муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултет дар охири дарси сиёсӣ ба сухан баромада иброз дошт, ки масъалаи терроризму экстремизм дар асри 21 доман паҳн намуда , таъсиру таҳдиди он ба давлатҳои алоҳида бахусус ба Тоҷикистони тозаистиқлол низ расид,. То чи андоза таъсири манфи доштани ин вабои асрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, чунин гуфтаанд. «Терроризм Ватан, забон, нажот ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, таъбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Зоҳир намудани ҳушёрии сиёсӣ ва таъмини амният, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Мубориза бар зидди терроризм бояд мушаххас ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиати миллӣ ва башарӣ дар мадди аввал гузошта шавад.
Рустам Раҳимов,
эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес.