Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ОЛИМИ ПУРКОР ВА ТОЗААНДЕШ

ОЛИМИ ПУРКОР ВА ТОЗААНДЕШ

Худойназар Асозода яке аз олимони пурмаҳсул ва давомдиҳандаи мактаби илмиву адабии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров аст. Вай нозукиҳои илм, усулҳои таҳқиқ, тарзи таҳлил, навишти хотира ва муносибат бо осори илмиро аз ин олими нуктасанҷу донишманд аз бар карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва ҳамроҳ солҳои зиёд ба сифати омӯзгор дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият карданд. 
Худойназар Асозода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор аз зумраи он адабиётшиносони соҳибмактабе буд, ки дар илми шарқшиносии тоҷик мақому манзалати худро соҳиб гашта, баъди худ шогирдону боргоҳи илму маърифатро бо унвони “Махзани адабии профессор Худойназар Асозода” ба ояндагон боқӣ гузошт. 
Мавсуф ҳанӯз даврони дар қайди ҳаёт буданаш беш аз панҷ ҳазор нусха китоби шахсии худро, ки дар тули панҷоҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ гирд оварда буд, ба китобхонаи ДМТ тақдим намуд. Ӯ чун донишманд ва омӯзгори асил барои баланд бардоштани дониши назариявию сиёсии худ ва шогирдонаш кӯшиш ба харҷ дода, ба воситаи илму маърифат роҳи миллату кишварашро мехост равшан намояд. Афсӯс, ки умр ба ӯ бақо накард ва 18-уми феврали соли 2014, дар синни 73-солагӣ, бар асари бемории қалб марги нобаҳангом ӯро аз байни мо бурд. 
Асозода дар оилаи муаллим чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1956, баъд аз хатми синфи ҳафтум, ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, солҳои 60-уми асри ХХ ин таълимгоҳро хатм кардааст. Муддати се сол бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сараввал дар Мактаб-интернати шаҳрчаи Ворошилобод ва баъд дар шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод дар синфҳои ибтидоӣ дарс гуфта, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори мактаби миёна оғоз кардааст. Дертар, соли 1963 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1968 онро бо сари баланд хатм кардааст. 
Фаъолияти кории донишгоҳии Х. Асозода ҳамчун лаборанти калони кафедраи забони тоҷикӣ байни солҳои 1968-1970 оғоз мешавад. Саводи хуб ки дошт, бо тавсияи устодон ба аспирантура дохил шуда, байни солҳои 1971-1973 чун аспиранти кафедраи адабиёти советии тоҷики ДДТ таҳсили илм мекунад. 
Кору фаъолият дар доираи илму адаби факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) назару андешаи пӯёи устод Худойназар Асозодаро ба шинохту фарогирии масъалаҳои гуногуни илмҳои адабиётшиносӣ қувват бахшид. Фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар ҳалқаи устодони шинохтае чун Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Расул Ҳодизода ва дигарон чашми ӯро ба ҷаҳони пурғановати илму адаби тоҷик кушод ва роҳи минбаъдаи фаъолияти ӯро чун шарқшинос муайян намуд. 
Моҳи феврали соли 1971 Худойназари ҷавон ҳамчун мутахассис ба Афғонистон сафарбар шуда, то моҳи ноябри соли 1973 ба сифати тарҷумон дар Вазорати геологияи ин кишвар ифои вазифа менамояд. Баъди адои вазифаи хидматӣ таҳсилро дар аспирантура идома дода, 14-уми июни соли 1976 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Симои синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик» дифоъ намуда, сазовори номи баланди номзади илмҳои филологӣ гашт. 
Баъди бозгашт ба ватан солҳои 1976-1978 ҳамчун ассистент ва муаллими калони кафедраи адабиёти советии тоҷик шуда фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Сафари дуюми хидматиаш ба кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумони гурӯҳи мушовирини Шуроӣ дар назди Ҳукумати Афғонистон ба байни солҳои 1978-1981 рост меояд. 
Сипас, Худойназар Асозода ба донишгоҳ баргашта, то соли 1985 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷик шуда кору фаъолияти илмӣ-омӯзгориашро давом додааст. Худойназари ҷавони ташнаи илм бо ин дастовардҳои илмии худ қонеъ нагашта, пажӯҳишҳои илмии худро боз ҳам вусъати тоза мебахшид. Ҳамин кӯшишу талошҳо дар ҷодаи илм буд, ки тақдир ӯро ба Маскав овард ва байни солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС гашт. 17-уми феврали соли 1989 рисолаи докториашро дар назди Шурои дифои Институти шарқшиносии Москва ҳимоя намуда, бо сари баланд ба ватан баргашт. Дар давоми умри пурбаракати худ устод Асозода ҳамчун сарвари масъулиятшинос, ростқавлу поквиҷдон ва дастгири ҷавонон дар вазифаҳои гуногун, ба монанди дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (солҳои 1989-1992), муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳо (1992-1993), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (1993-1996), декани факултети филологияи ДМТ (1996-1999), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2005-2008), профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2008-2010), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (2010-2012) ифои вазифа кардааст. Солҳои охири ҳаёташ, аз моҳи январи соли 2013, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. 
Худойназар Асозода ба сифати омӯзгор ва роҳбари илмӣ низ маҳбубият пайдо намуда буд. Донишҷӯёну аспирантон ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Вай ниҳоят серталаб буд. Бо хислатҳои неку ҳамидааш ӯро ҳамкасбону ҳамкоронаш дар Донишгоҳи миллӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки кору фаъолият кардааст, қадр мекарданд. Ба вай ҳамчун устод муроҷиат мекарданд ва самимона муносибат менамуданд. Даҳҳо мақолаҳои илмӣ, беш аз 20 рисола, монография, дастур, барнома, китобҳои дарсӣ ва чанд китоб дар насри мустанад навиштааст. Пажуҳишҳои ӯ дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, дар бораи таърихи адабиёти муосири Эрон ва Афғонистон аз асарҳои муҳимми адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабии имрӯза ба ҳисоб мераванд. 
Аз нигоҳи маҳсули эҷодӣ ва мақому манзалат дар илми адабиётшиносии муосири тоҷик, Худойназар Асозода аз пуркортарин олимони кишвар ба ҳисоб рафта, аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузошт. 


Бунафша АСОЕВА, н.и.ф., устоди ДДМИТ