Хабарҳо

Баргузории «Сайри гули лола» дар ДДМИТ
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати устувори фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои фарҳанги миллии мо эҳё гардида истодаанд. Яке аз онҳо ҳунари гулпарварӣ мебошад ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар санадҳои таърихӣ омадааст, ки ҷашни "Гули лола" се рӯз давом мекард. Ҷавонон барои чидани лола рафта, рӯзи дигар занҳо яке аз сафедорҳои сершоху сербаргро интихоб мекарданд ва тамоми лолаи овардашударо бар он сафедор оро медоданд ва баъдан рӯзи сеюм тамоми мардум бо ҳам ҷамъ меомаданд, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ намуда, шодӣ мекарданд.
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, мардумро ба корҳои ободонию сабзкорӣ ҳидоят мекунад.
Ҷои шукргузорист, ки баъд аз расидан ба Истиқлоли миллӣ маросиму суннатҳои халқии мо дубора эҳё мешаванд ва бо симою падидаҳои тоза арзи вуҷуд мекунанд, ки аз амну осоиш ва рӯзгори ободи мардуми мо дарак медиҳанд. Яке аз чунин чорабиниҳо ин Фестивали «Сайри гули лола» аст, ки бо ҷилои нав эҳё гардид ва чанд сол аст, ки дар тамоми манотиқи кишвар баргузор мегардад.
Санаи 5-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивали «Сайри гули лола» бо шукуҳи хоса доир гардид. Дар он устодону донишҷӯён иштирок намуда, дар мавзеъҳои зебою гулзори донишгоҳ шеъру сурудхонӣ карданд. Донишгоҳ ба базмгоҳи миллии гулҳо табдил ёфта буд. Донишҷӯдухтарон бо шукргузорӣ аз истиқлолу диёри ободу зебо бо либосҳои миллӣ дар васфи гулу баҳори Тоҷикистон суруд мехонданд, ки басо ҷолиб буд.
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи диёр буда, ба эҳёи суннатҳои ниёгон, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия