Хабарҳо

Муқовимат бо коррупсия василаи таҳкими устувори ҷомеаи миллӣ
Рӯзи 10-уми апрели соли 2025 дар ДДМИТ бо иштироки устодону донишҷӯён ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия василаи таҳкими устувори ҷомеаи миллӣ» доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Мастура Бӯриева иброз дошт, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо, аз як тараф, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд.
Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким андешаҳои хешро дар мавриди мавзуи матраҳгардида баён дошта, иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятӣ бо қонунгузорӣ ба танзим дароварда шудааст.
Барои мубориза бар зидди коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Тайи ин солҳо як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 ва се стратегия қабул гардид, ки барои муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвар заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Ба андешаи мавсуф, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муқовимат ба коррупсия қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Ҳамзамон, номбурда моддаҳои кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятиро, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нигаронда шудаанд, мавриди тафсир гардиданд.
Ҳамин тавр, Алихон Розиқзода доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ