Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи муваффаќонаи барномаи “Профессори даъватшуда”

Татбиқи муваффаќонаи барномаи “Профессори даъватшуда”

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин омил метавонад дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва анҷоми корҳои илмиву таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузорад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ оид ба баргузории онлайн-лексияҳо, аз ҷониби факултетҳо ва кафедраҳои тахассусии донишгоҳ барномаи “Профессори даъватшуда” марҳила ба марҳила гузаронида мешавад. 
Дар ин асос, рӯзи 11-уми марти соли 2025 бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ намояндагони Донишкадаи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнав дар ҳайати Отабек Меликов - мудири кафедраи молия ва кори бонкӣ, Басир Сафаралиев - устоди кафедраи молия ва кори бонкӣ, Алишер Сафаров - устоди кафедраи молия ва кори бонкӣ, Кимиёхон Турабаевна - мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва Муҳаммад Худойбердиев - устоди кафедраи молия ва кори бонкӣ ба ДДМИТ даъват гардиданд. Зимни сафари хизматӣ устодони донишкадаи мазкур дар факултетҳои молия ва қарз ва иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ лексия хонданд. 
Ҳамчунин, рӯзи 1-уми апрели соли 2025 аз ҷониби кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ лексия дар шакли маҷозӣ бо ҷалби профессорони хориҷӣ Джо Си Ган - дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва Вон Сио Фан - устодони Коллеҷи касбии Линии Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаронида шуд. 
Санаи 15-уми апрел бошад, кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор дарси лексионӣ тариқи онлайн дар якҷоягӣ бо Далер Алимжанов - профессори кафедраи назарияи иқтисодии филиали Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов дар мавзуи "Таълимоти иқтисодии Адам Смит" баргузор гардид. 
Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида оид ба такмили ихтисос, гузаронидани дарсҳо, курсҳо, семинар-машваратҳои илмӣ ва амалӣ барои таҳкиму такмили дониш, баланд бардоштани савияи донишҳои зеҳнии устодону донишҷӯён таҳти унвони “Профессори даъватӣ” санаи 16 апрели соли 2025 аз ҷониби Даши Тсиренов - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини директори Институти таҳсилоти доимӣ, сармуҳаррири маҷаллаи илмии “Иқтисодиёт ва менеҷмент"-и Донишгоҳи давлатии Бурятии ба номи Доржи Банзаров дар мавзуи “Развитие когнитивного потенциала региона в условиях становления экономики знаний” лексияи обзорӣ (тариқи маҷозӣ) дар факултети иқтисодиёти ҷаҳон баргузор гардид. 


Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ