Хабарҳо

ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДДМИТ
Рӯзи 21-уми апрели соли равон дар ДДМИТ «Ҳафтаи илм» бо баргузории Конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён оғоз шуда, дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ гардиданд.
Конференсияи имсола бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025)» ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Аврор Мирсаидов, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ва Робия Қурбонова, муовини сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода кори конференсияро ифтитоҳ намуда, оид ба самти самаранокии илмӣ ва дастовардҳои илмию эҷодии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ибрози андеша кард.
Ректори донишгоҳ қайд кард, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик раванди мазкур вусъат ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд.
Сипас, Аврор Мирсаидов, муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар хусуси “Ҷанбаҳои методологии арзёбии иқтисоди рақамӣ” баромад намуд. Мавсуф аз Инқилоби аввали саноати соли 1706, ки дар Англия баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки рушду пешрафти ҳар як давлат ба соҳаи саноат алоқамандии зич дорад. Ҳар қадар, ки ба саноат таваҷҷуҳ бештар гардад, ҳамон андоза вазъи иҷтимоии мардум, иқтисодиёти давлат ва ҷомеа беҳтар хоҳад шуд.
Дар идома, Робия Қурбонова, муовини сардори раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва фарогирии молиявии аҳолӣ - асосӣ рушди низоми бонкии Тоҷикистон” муфассал андешаронӣ кард.
Сипас, Шоҳрух Насриддинов, магистранти курси 1-уми факултети молия ва қарзи ДДМИТ дар мавзуи “Фаъолити мақомоти гумрук дар шароити иқтисоди рақамӣ” баромад намуда, оид ба пайдоиш, ҳадаф ва муҳимияти мақомоти гумрук бо овардани далелҳо изҳори ақида кард.
Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар дигар бахшҳо то санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия