Хабарҳо

МУАММОҲО ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВИИ ИҚТИСОДӢ
Санаи 25-уми апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Муаммоҳо ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рушди ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ” баргузор гардид, ки дар кори он директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Шавқат Вализода ва профессор, узви вобастаи АМИТ Лутфулло Саидмуродзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм Фирӯз Қодиров ифтитоҳ намуда,оиди мавзуи матраҳшаванда ибрози андеша кард.
Дар идома, директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Шавқат Вализода дар мавзуи “Такмили низоми пардохтии ғайринақдӣ ҳамчун омили таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ дар шароити ҳамгироӣ” ва профессор, узви вобастаи АМИТ Лутфулло Саидмуродзода оиди мавзуи “Доктринаи амнияти иқтисодӣ дар раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ” баромад карданд.
Ҳамзамон, зимни баргузории конференсия мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Фаредулло Убайдуллоев оид ба “Ҳамгироии молиявӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон: уфуқҳо ва чолишҳои нав” суханронӣ намуда, тарафҳои мусбӣ ва манфии шиддатёбии равандҳои ҳамгироиро баён намуд.
Дар музокира, профессорон Содиқов М.С., Мирсаидов С.А. ва Сафаров Б.Г. баромад намуданд.
Дар фарҷом миёни ширкаткунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.