Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДДМИТ

ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДДМИТ

Рӯзи 28-уми апрели соли равон дар ДДМИТ «Ҳафтаи илм» бо баргузории Конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, магистрантону докторантон ва донишҷӯён бахшида ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025)» ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. 
Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода роҷеъ ба муҳимияти баргузории конференсияи илмию назариявӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ДДМИТ дар самти самаранокии илм яке аз муассисаҳои пешбари илм на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои устодону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. 
Лозим ба ёдоварист, ки қисми ифтитоҳии конференсия аз санаи 21.04.2025 оғоз гардида, то 28.04.2025 идома ёфт ва дар ин муддат 246 мақола аз ҷониби устодону кормандон дар масъалаҳои мубрами илм пешниҳод гардид. 
Дар ҷараёни ҷамъбасти “Ҳафтаи илм” як гурӯҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки фишурдаи матолиби пешниҳодгардида дар маҷмуаи маводи конфронс нашр хоҳад шуд, ки он метавонад ҳамчун манбаи муҳими илмӣ барои муҳаққиқону донишҷӯён гардида, дар рушду пешрафти илми тоҷик хизмат намояд. 


Шуъбаи иттилоот ва нашрия