Хабарҳо

Озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ
Рӯзи 1-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз (4 май) ва 30-солагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, донишҳои назариявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тақвият бахшидани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Сараввал иштирокчиёни озмун - 120 нафар донишҷӯ аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд ва роҳбарони онҳо аз дастовардҳои ДДМИТ ва озмоишгоҳҳои иқтисоди рақамӣ ва хадамоти гумрук дидан карда, бо шароити таълиму тадриси муҳассилини муассиса шинос шуданд.
Қисмати ифтитоҳии озмун дар толори конфронсӣ доир гардида, дар он Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комрон Саидов, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси кумитаи мазкур, Обиди Маҳмадсаид, сардори Маркази такмили ихтисоси ин кумита, Умед Абдулмаҷидзода, сармутахассиси Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкаткунандагони озмун, устодон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек кушода, иштирокчиёни озмун ва меҳмононро ба таълимгоҳ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки баргузории озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» дар ДДМИТ ба ҳукми анъана даромадааст ва он дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва дида мешавад, ки таваҷҷуҳ ба ин озмун сол то сол зиёд гардида истодааст. - Мусаллам аст, ки сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакат зина ба зина роҳандозӣ мешавад.
Албатта, барои пешбурди сиёсати андозӣ мутахассисони варзида лозиманд, ки ДДМИТ низ дар баробари дигар муассисаҳои таълимии кишвар дар омодасозии мутахассисони соҳа саҳмгузор аст ва бештари кормандони мақомоти андозро хатмкунандагони мо ташкил медиҳанд. Боиси хурсандист, ки тайи 12 сол мешавад, ки ДДМИТ бо кумитаи масъул шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки он аз 12 банд иборат мебошад ва яке аз бандҳои муҳими он ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисон дар таҳияи санаду меъёрҳо, барномаҳо, инчунин, ҷалби донишҷӯён ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ мебошад, - гуфт ректор.
Ректор аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қайд кардааст: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад», мисол овард. Ӯ дар охири суханронӣ ба иштирокчиёни озмун барор хост.
Сипас, Собир Вазиров аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни озмунро муборакбод намуда, қайд намуд, ки мақсади баргузории озмун ин тарғиби сиёсати андоз ва андозбандӣ ҳамчун поягузори давлат, дарки масъалаҳои андозбандӣ ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ мебошад.
Мавсуф таъкид кард, аз рӯйи таҷриба маълум гардид, ки аксари кормандони вазорату идораҳои давлатӣ қонунгузории андозу андозбандиро намедонанд ва баргузории ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати андозсупории шаҳрвандон ва тарғиби он заминагузор аст.
Вазиров С. дар идома шартҳои озмунро ба иштирокчиён шинос кард. Озмун аз рӯйи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» баргузор мегардад. Рақибонро аз рӯйи қуръапартоӣ муайян мекунанд.
Озмун пагоҳ санаи 2-уми май ҷамъбаст гардида, ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия